Бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар Маркази калони савдои ш.Екатеринбург "Апелсин" "ҷазирачаи  тиҷоратии"  ширкати "Тоҷ Бозор" ифтитоҳ ёфт

22.03.2024 01:02

Бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар Маркази калони савдои ш.Екатеринбург "Апелсин" "ҷазирачаи  тиҷоратии"  ширкати "Тоҷ Бозор" ифтитоҳ ёфт

21 марти соли 2024 - дар рӯзи ҷашни иди байналмилалии "Наврӯз"- Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, корманди дипломатии муассисаи консулӣ Зафар Соҳибов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, роҳбари кумитаи Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Фахриддин Ошурбеков, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов, Рӯзӣ Рӯзиев, Аҳлиддин Саидов, Яздон Шарифов, Салим Улмасов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Ташрифулло Саъдуллоев, намояндагони диаспораи маҳаллии тоҷикон, муассису молики Чойхонаи тоҷикии «Ҳамза» дар Маркази савдои "Апелсин", соҳибкори тоҷиктабори  екатеринбургӣ Адҳам Урунбеков, мудири Маркази савдои "Апелсин" Алексей Игнатев ва директори молиявии Маркази савдои "Апелсин" Юлия Смирнова дар маросими ифтитоҳи  "ҷазирачаи тиҷоратии" ширкати "Тоҷ Бозор" дар Маркази калони савдои "Апелсин"  ширкат карданд.

Муовини Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Светлана Терехова, сардори шуъбаи Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Дмитрий Васков ва ҳамкасбонаш Анастасия Охрименко ва Юлия Дотсенко низ ба расми ифтитоҳи "ҷазирачаи тиҷоратӣ" даъват шуда буданд.


Дар маросими ифтитоҳӣ соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор, муассису роҳбари ширкати "Тоҷ Бозор" Зуҳал Муродов, муовини Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Светлана Терехова, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, роҳбари кумитаи Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Фахриддин Ошурбеков, директори молиявии Маркази савдои "Апелсин" Юлия Смирнова суханрониҳои самимию пурмуҳтавои шодбошӣ карданд.

Лентаи рамзиро муовини Вазири комплекси агросаноатӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Светлана Терехова ва соҳибкор, муассиси "ҷазирачаи тиҷоратӣ" Зуҳал Муродов буриданд.

Дар  суханрониҳои болозикр тазаккур дода шуд, ки ин рӯйдоди нек ба шарофати пуштибонии Ҳукумат ва шахсан Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев имконпазир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба маҳсулоти "ҷазираи тиҷоратии"  "Тоҷ Бозор"--шириниҳо ва чойи миллии тоҷикӣ, меваи хушк, туҳфаю армуғони шарқӣ ва либоси миллӣ--дар миёни сокинону меҳмонони шаҳри Екатеринбург ниёзмандии устувори истеъмолӣ пайдо шудааст.

Ҳозирин ҳамдигарро бо иди баҳории байналмилалии "Навруз" самимона табрику таҳният гуфтанд.

toj-0.jpg

toj-1.jpg

toj-2.jpg

toj-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg