Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкориро бо роҳбарияти Бонки "Синара" баррасӣ кард
20 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини раиси раёсати Бонки «Синара» Сергей Купратсевич ва директори бахши соҳибкории чаканаи ин Бонк Андрей Ҳафизов мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкориҳо ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Аз ҷумла сухан дар бораи он рафт, ки Бонки «Синара» омода аст барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кортҳои бонкиро бо имкони ҷойгиркунии маблағ дар пасандозҳо ва суратҳисобҳои амонатӣ барорад, инчунин интиқоли пулиро дар замимаи мобилӣ тавассути рақами телефон ба даҳ бонк, аз ҷумла ба "Душанбе Сити Бонк", "Коммертсбонк" ва ғайра, таъмин намояд.
Дипломати тоҷик изҳори омодагӣ ба он кард, ки иттилоъро дар бораи имконоти хизматрасониҳои гуногуни Бонки "Синара" ба роҳбарону фаъолон ва аъзои созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷикони минтақаи Урал мерасонад ва ба ҷалби онҳою муҳоҷирони меҳнатии маҳаллии тоҷикистонӣ ба соҳаи хизматрасонии Бонки болозикр мусоидат менамояд.
Сергей Купратсевич ва Андрей Ҳафизов Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни иди баҳории байналмилалии "Наврӯз" самимона табрик карданд.