Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар маросими ифтитоҳи марҳалаи минтақавии Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон иштирок кард
Шоми 12 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи марҳалаи минтақавии Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон--2024 иштирок намуд.
Чорабинӣ дар бинои Маҷмааи екатеринбургии фарҳангиву намоишгоҳии "Синара центр" баргузор шуд.
Иштирокчиёни маросими ифтитоҳи марҳалаи минтақавии Фестивали умумиҷаҳонии ҷавононро муовини Губернатори вилояти Свердловск Павел Креков аз номи намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урал ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия самимона табрик намуд.
Фестивали умумиҷаҳонӣ калонтарин чорабинии байналмилалии ҷавонон мебошад.
Чорабиниҳои марҳалаи минтақавии Фестивал аз 12 то 16 марти соли 2024 дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия баргузор мешаванд.