Суҳбати Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо сармуҳаррири YouTube-канал
12 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви хонаводаи маъруфу шоистаи рус, шахсияти эҷодкор, сармуҳаррири YouTube-канал таҳти унвони "За границу насовсем" Алексей Красилников мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати дӯстона масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ ба хотири пешбурди мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба воқеияти россиягӣ аз ҷониби зодагону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифӣ ва таблиғи дастовардҳо ва арзишҳои фарҳанги бою бостонии тоҷик дар ҷомеаи муосири россиягӣ, мусоидат ба дарку пазироии мусбати Тоҷикистони муосир аз ҷониби мардуми бумии россиягӣ ба таври муфассалу касбӣ баррасӣ шуданд.