Мулоқоти муфид бо котиби масъули "Ротари клуб-Маркази Екатеринбург"
11 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо котиби масъули "Ротари клуб–Маркази Екатеринбург" Леонид Засыпкин мулоқот намуд.
Зимни мулоқот оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар давоми соли 2024 дар маҷрои таҳким ва рушди робитаҳои байналмиллалии фарҳангию башарӣ суҳбати гарму пурмуҳтаво сурат гирифт.
Дипломати тоҷик фаъолияти "Ротари клуб-Маркази Екатеринбург"--ро ба таври мусбат арзёбӣ карда, ба ин маҳфил дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷибонааш комёбиҳои нав ба нав таманно намуд.