Дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Ҳавзаи федералии Урали Россия таъсис ёфт
9 марти соли 2024 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, ходими фаъолу шинохтаи маҳаллии ҷамъиятӣ Ёқубҷон Умаров ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал, муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Беҳрӯз Холиқов бо гурӯҳи донишҷӯёни хубхону дар фаъолияти ҷамъиятӣ фаъоли тоҷикистонӣ, ки дар мактабҳои олии пойтахти уралӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Қарор шуд, ки аз ҳисоби донишҷӯёни иштирокчии ин мулоқот(9 нафар) дар назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонӣ таъсис дода шуда, ба ҳайати он донишҷӯёни фаъолу намунарафтори тоҷикистонии мактабҳои олии вилоятҳои Челябинск, Тюмен(бо ҳавзаҳои мухтораш) ва Курган низ шомил карда шаванд.
Дар ҷараёни мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, Беҳрӯз Холиқов, Ёқубҷон Умаров суханронӣ карданд.
Аъзои Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мубодилаи озоду созандаи афкор иштирок намуда, саволҳо доданд ва ибрози назару пешниҳодоти хеш карданд.
Зимни мулоқот роҳбарони Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рисолати имрӯзаи донишҷӯй, муносибати ӯ ба Ватану кишвари таҳсилу донишандӯзӣ, роҳу василаҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёту таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар макотиби олию миёнаи махсуси касбии минтақаи Урал, роҷеъ ба зарурати аз ҷониби донишҷӯёни тоҷикистонӣ риоя кардани қонунгузории россиягӣ ва муносибати эҳтиромона зоҳир намудан нисбат ба фарҳангу суннатҳои мардумони бумии (таҳҷоии) кишвари иқомат, дурӣ ҷӯстан аз ҳизбу ҷунбишҳои номатлубу хатарзо ва созмону гурӯҳҳои террористиву ифродгаро ибрози андеша карданд.Тазаккур ёфт, ки, мутаассифона,то ҳол баъзе раванду ҳодисаҳои номатлуб дар байни донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Россия ба мушоҳида мерасанд.Чунончӣ, аз ҷумла, аъзои созмону гурӯҳҳои номатлубу хатарзо, аз ҷумла ташкилотҳои дар қаламрави Тоҷикистону Россия мамнӯъ, пайваста аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти таблиғотии муғризонаю иғвоангези худро пиёда намуда, донишҷӯёни чаласаводу зудбоварро гумроҳ месозанд ва онҳоро барои содир намудани амалҳои зиддиконститутсионӣ ва террористиву экстремистӣ водор менамоянд.Дар ин иртибот иброз гардид, ки ҳар як узви Гурӯҳи донишҷӯёни пешоҳанги назди Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бояд саъю кӯшиш намояд, то дар макони таҳсилу фаъолияти ҷамъиятиаш корҳои ғоявию фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони тоҷикистонӣ ҷиҳати ҳазар кардан аз истеъмолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлубу зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ густаришу тақвият бидиҳад.Ба ҳамватанони донишҷӯйи ҷавон бо далелу бурҳон бояд фаҳмонд, ки ба таблиғоти муғризонаву бардурӯғи ҳизбу гурӯҳҳои болозикр дода нашаванд ва дар қаламрави кишвари иқомату таҳсил аз пайи донишандӯзӣ, фаъолияти ҷамъиятии муфиду созанда ва ободии Ватани хеш бошанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрам оид ба роҳандозию густариши ҳамкории муассисаи консулӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди он бо аъзои Гурӯҳи пешоҳанги донишҷӯёни тоҷикистонии мактабҳои олии Ҳавзаи федералии Урал, самту шаклҳои ин ҳамкориҳо мавриди баррасию гуфтугӯ қарор дода шуданд.Дар ин қарина тақвияти кор ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстии ҷавонони донишҷӯйи тоҷикистонӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандии онҳо, таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии дурусту густурдаи фарҳанги миллӣ дар қаламрави минтақаи Урали Россия махсус таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯйи пешқадаму фаъоли ҷамъиятии Донишгоҳи федералии Урал, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Алишер Раҳимов, донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун ва коллеҷи тиббии вилояти Свердловск Фаридун Наимзода, Далер Шарифов, Азиза Маҳмудова, Меҳрона Розиқова, Манучеҳр Воҳидов, Мирзомақсуд Бобоев, Шоҳин Азимов, Фаридун Иномовро бо "Ифтихорнома"-и Консулгарӣ қадру сарфароз намуда, ба онҳо китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаашро таҳти номи "Владимир Путин.Назаре аз "Боми ҷаҳон"" тақдим кард.