Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург бо мудири корҳои хобгоҳи намунавии иҷоравии муҳоҷирони маҳаллии меҳнатӣ мулоқот намуд

07.03.2024 15:21

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбург бо мудири корҳои хобгоҳи намунавии иҷоравии муҳоҷирони маҳаллии меҳнатӣ мулоқот намуд

7 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода  бо асосгузори ҶДММ "Азия микс", мудири корҳои хобгоҳи екатеринбургии намунавии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аксарияташон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, мулоқот дошт, ӯро бо "Ифтихорнома"-и муассисаи консулӣ сарфароз гардонда, китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардааш "Владимир Путин.Назаре аз "Боми Ҷаҳон""-ро тақдим намуд.

Хобгоҳи болозикр дар кӯчаи "Горнистов" 15-Г-и шаҳри Екатеринбург воқеъ буда, мудири кулли ин ва се хобгоҳи дигар соҳибкори маҳаллии  инфиродии тоҷиктабор Илҳом Акбаров мебошад.

Дар ҳамаи хобгоҳҳои иҷоравии ин соҳибкори соҳибдилу инсондӯст барои зиндагии хубу осудаи ҳамватанон тамоми шароитҳо фароҳам гаштаанд.

Бо кумаки соҳибкор Илҳом Акбаров тамоми бошандагони хобгоҳҳои иҷоравӣ сари вақт будубоши худро дар қаламрави Россия ба расмияту танзим дароварда, бо хотири ҷамъ ва бо шеваи озодона фаъолияти меҳнатии худро анҷом медиҳанд ва дар хонаободию саодати зиндагӣ муваффақ мебошанд.

Соли гузашта, 18 феврали соли 2023, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити зиндагии ҳамватанон бевосита ба таври муфассал шинос шуда, бо онҳо тайи чанд соат оид ба мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла роҷеъ ба масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ,  суҳбатҳои муфид дошт. Ҳамватанон ҳамон рӯзе ба саволҳои хеш аз дипломатҳои тоҷик посухҳо гирифтанд ва барои хабаргирии онҳо изҳори сипос карда буданд.

ilkhom-2024.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg