Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо намояндаи дастгоҳи Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург масоили ҳамкориро баррасӣ кард
7 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо корманди масъули дастгоҳи Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург оид ба кор бо созмонҳои ҷамъиятӣ Наталия Покосева мулоқот намуд.
Зимни суҳбат натоиҷи ҳамкориҳо бо созмони ҷамъиятии маҳаллии диаспораи тоҷикон ва баъзе масъалаҳои рушди он дар соли 2024 мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Дипломати тоҷик Наталия Покосеваро бо зодрӯзаш, ҷашни баҳории иди занон сидқан табрику таҳният гуфта, ба вай китоби дар ҳаммуаллифӣ иншокардаи хеш таҳти унвони "Владимир Путин.Назаре аз "Боми ҷаҳон""-ро тақдим карда, ӯро бо "Ифтихорнома"-и муассисаи консулӣ шоду сарфароз гардонд.