Табрикот ба муносибати "Рӯзи модар"
7 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Аҳлиддин Саидов ва ходими намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна Сафаралӣ Талбаков бо президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ва ҳамкоронаш дар ҳайати роҳбарикунандаи Ташкилоти минтақавии "Дидор", омӯзгори шоистаи мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 49-и шаҳри Екатеринбург, директори Маркази мутобиқсозии кӯдакони муҳоҷир "Ман метавонам"-и назди мактаби миёнаи номбурда Азиза Мирзоева, муаллимаи забони англисии мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 49-и шаҳри Екатеринбург Фарангез Назарова, омӯзгори мактаби олӣ, номзади илмҳои фалсафа Дилбар Ҷӯраева, донишҷӯй-фаъоли ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Сабрина Талбакова, корманди тиб Назира Тошева, ки аз соли 1997 дар ш.Екатеринбург дар бахши хизматрасонии тиббӣ ба аъзои ҷамъияти тоҷикони муқим ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бомуваффақият ихтисос дорад, мулоқоти дӯстона намуданд.
Дипломати тоҷик ва аъзои болозикри Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Мастбегим Ошурбекова ва ҳамкоронаш дар ҳайати роҳбарикунандаи Ташкилоти минтақавии "Дидор", Азиза Мирзоева, Фарангез Назарова, Дилбар Ҷӯраева, Сабрина Талбакова, Назира Тошева ва дар шахси онҳо тамоми модарону хоҳарон – занони тоҷикистониро, ки дар саросари минтақаи Урал кору зиндагӣ мекунанд, бо ҷашни "Рӯзи модар" табрику таҳният гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат, ки дар фазои самимии дӯстона ба зуҳур пайваст, роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба мутобиқшавии иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳамгироии дурусти ҳамватанон дар ҷомеаи муосири россиягӣ, ташаккули дидгоҳи мусбати аъзои бумии ҷомеаи россиягӣ оид ба Тоҷикистону фарҳанги бою бостонии тоҷик, бақодории ҳувияти миллии тоҷикони муқими Россия ба хотири рушди солими иҷтимоӣ ва беҳдошти муносиботи байнимиллӣ ва байнидинӣ табодули судовари андешаву пешниҳодот сурат гирифт.
Мавзӯи омодагӣ ба баргузории чорабиниҳо дар шаҳри Екатеринбург бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз» низ хоссатан мавриди баррасӣ қарор гирифт.