Иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ҷаласаи маҳфили дипломатии «Контекст»
4 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҷаласаи маҳфили дипломатии «Контекст», ки дар шакли субҳонаи корӣ, бо иштироки дипломатхои маҳаллӣ ва консулҳои фахрӣ, баргузор гашт, фаъолона иштирок намуд.
Мавзӯъҳои аслии мавриди баррасиву гуфтугӯ ба интихоботи қарибулвуқӯи мартии президентӣ дар Россия ва ҳамчунин паёми Президенти феълии Россия В.Путин ба Маҷлиси Федералии Россия марбут буданд.
Дар ин мавзӯъҳо муовини роҳбари дастгоҳи Губернатор ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вадим Дубичев, роҳбари Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёӣ Андрей Русаков, олим-таҳлилгари маъруф, доктори илмҳои фалсафа, профессор Анатолий Гагарин суханрониҳои амиқу ҷолиб карданд.
Дипломатҳо ва консулҳои фахрӣ аз ашхоси номбурда, ки суханрониҳо карданд, ба саволҳои худ посухҳои ҳамаҷониба гирифтанд.
Дар ҷаласаи маҳфили дипломатии «Контекст» сарвари диаспораи гурҷиёни муқими минтақаи Урали Миёна Нукрӣ Чавлеишвили низ ширкат дошт.