Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо варзишгари муваффақи россиягии тоҷиктабор
1 марти соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамватани 25-солаи худ, варзишгари муваффақу умедбахши россиягӣ Ҳалим Назруллоев, ки дар шаҳри Екатеринбург кору зиндагӣ мекунад, мулоқот намуд.
Ҳалим Назруллоев зодаи ноҳияи Ванҷи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз хурдсолӣ "дзюдо"-ро таълим гирифта, дар бахши "самбо" машқ мекард.Пас аз хатми мактаби ҳамагонии миёна дар Тоҷикистон фаъолияти варзишии худро дар шаҳри Екатеринбург идома додааст.Дар соли 2016 ба навъи варзишии MMA(Яккабархӯрдиҳои ҷангии омехта) шомил гашта, фаъолияти варзишии худро дар Академияи яккабархӯрдҳои Ширкати миси рус идома дода, устоди варзиш дар "кикбоксинг" ва номзад ба устодии варзиш дар "грэпплинг", "бархӯрди дастӣ" ва "панкратион" мебошад.Ҳалим Назруллоев моҳи феврали соли 2024 дар шаҳри Қазон дар “Бозиҳои замони оянда” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва сарони дигар давлатҳо--дарҳол пас аз анҷоми маросими ифтитоҳи «Бозиҳои замони оянда», ҳангоми шиносоии сарони давлатҳо бо Намоишгоҳ-- ҳамчун варзишгари муваффақ муаррифӣ гардид.Вай ба дастфишуриву суҳбати бевосита бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури Президенти Россия Владимир Путин ва сарони дигар давлатҳо шарафёб шуд.
Зимни мулоқот Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгари номии россиягии тоҷиктаборро бо дастовардҳои қобили таҳсини варзишиаш табрик гуфта, ба ӯ таманно кард, ки дар оянда ин дастовардҳояш ба маротиб афзун гарданд.
Дипломати тоҷик Ҳалим Назруллоевро ба роҳандозии ҳамкориҳои судманд бо Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург даъват намуда, ӯро бо Ифтихорномаи муассисаи консулӣ қадру сарфароз гардонд.