Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия суханронӣ кард
20 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия боздид намуда, дар доираи ҷаласаи 29-уми он бо ифтихорномаҳо ва "Сипоснома"-и муассисаи консулӣ раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина, раиси Комиссияи фаъолияти байнипарлумонии Маҷлиси қонунгузории ин вилоят Вячеслав Вегнер ва вакили Маҷлиси қонунгузории вилояти болозикр Евгений Зяблитсевро барои ҳамкории судманд бо Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ дар маҷрои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва шарикии стратегии миёни Тоҷикистону Россия қадр намуд.
Пас аз супоридани ифтихорномаҳо ва «Сипоснома» дипломати тоҷик аз минбари Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия суханронӣ намуда, дар бораи самтҳо, шаклу муҳтавои фаъолияти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба хотири пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи байниминтақавии ҳамкориҳои судманд миёни вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва вилоятҳову шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.
Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловск бо таваҷҷуҳи зиёд қабул гардида, он бо кафкӯбиҳои вакилон истиқбол гирифта шуд.