Ба ходимони муваффақи диаспораи екатеринбургии тоҷикон дар "Рӯзи муҳофизи Ватан" сипосномаҳо супурда шуданд
23 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо узви фаъоли Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов ва соҳибкори муваффақи тоҷиктабори екатеринбургӣ Фаёз Саидов мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик бо ибрози таманниёти нек мусоҳибони хеш ва дар шахси онон тамоми ҳамватанони дар минтақаи Урал бударо бо "Рӯзи муҳофизи Ватан" табрику таҳният гуфт.
Консули генералӣ ба Зуҳал Муродов "Сипоснома"--и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба Фаёз Саидов "Сипоснома"--и муассисаи консулиро барои ҳамкории судмандашон дар амалӣ сохтани чорабиниҳо ва иқдомоти муфиди иҷтимоӣ, мусоидат ба рушду таҳкими муносиботи дӯстӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва шарикии стратегӣ биспурд.
Мусоҳибони дипломати тоҷик ӯро мутмаин дар он сохтанд, ки минбаъд низ дар раванди татбиқи амалии нақшаҳои созандаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург фаъолона иштирок хоҳанд кард.