Мулоқоти дипломати тоҷик бо президенти Маркази аварии фарҳангӣ--ҳуқуқӣ

23.02.2024 01:01

Мулоқоти дипломати тоҷик бо президенти Маркази аварии фарҳангӣ--ҳуқуқӣ

22 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо президенти Маркази аварии фарҳангӣ--ҳуқуқии пуштибонии ҳамватанон(бо қароргоҳи асосӣ дар ш.Екатеринбург) Айдин Гогаев мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот Айдин Гогаев ба дипломати тоҷик дар бораи фаъолияти гуногунҷанбаи муфиди иҷтимоии созмонаш, ки дар шаш минтақаи дигари Россия шуъбачаҳо дорад, нақл кард. 

Таваҷҷуҳи асосии мусоҳибон ба масъалаи мусоидати ҳамаҷониба ба таҳкиму густариши ризоияти байнимиллию байнидинӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ бахшида шуд.

avar.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg