Дар пойтахти уралӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони диаспораи тоҷик мулоқот карданд

22.02.2024 01:00

Дар пойтахти уралӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони диаспораи тоҷик мулоқот карданд

21 феврали соли 2024 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ходимону фаъолони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна мулоқот карданд. 

Мулоқот дар толори қароргоҳи Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" воқеъ дар кӯчаи ба номи Бебел,124 баргузор гардид.

Дар ин Мулоқот инчунин мушовири Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Элина Руденкина, президенти Ташкилоти диаспоравии "Дидор" Мастбегим Ошурбекова, корманди масъули шуъбаи кор бо созмонҳои ҷамъиятии Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург Наталя Покосева, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, муовини муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловск  имом--ҳазрат Маҳмадюсуф Сандалов, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ширкат варзиданд. 

Дар ҷараёни Мулоқот роҷеъ ба нақшу мақом ва рисолати диаспораи миллӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ, роҳҳову шаклҳо ва ҷанбаи муҳтавоии раванди мутобиқсозӣ ва ҳамгироии қишри муҳоҷирон бо ҷамъияти россиягӣ гуфтугӯйи дӯстона, ошкоро ва созанда сурат гирифт.

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург суханронии шодбошӣ намуд. 

Аҳли толор бо мароқи зиёд бевосита аз худи Татяна Мерзлякова дар бораи кори гуногунҷанбаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск ва дастгоҳаш дар муҳити қишрҳои муҳоҷирон ва аъзои диаспораҳои миллӣ воқиф шуда, ба ҳамаи саволҳояш посухҳои қонеъкунанда гирифт.

Иштирокдорони Мулоқот ба таври мушаххас ва муфассал дар бораи масъалаҳои ҳалталаби кору зиндагиашон нақл карданд. Маълум гашт, ки қисме аз ин масъалаҳои мушкилдори ҳалталаб хислати ҳуқуқӣ дошта, ба соҳаҳои боғчаи бачагон, мактабҳои миёна ва олӣ, тандурустӣ, варзиш,  ташаккули тарзи зиндагии солиму меҳандӯстонаи насли наврас иртибот доранд.

Ҳамаи пешниҳодҳои иброзгардида аз ҷониби дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ба инобат гирифта шуда, мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор хоҳанд ёфт. 

Тазаккур ёфт, ки Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии диаспоравии "Дидор" дар миқёси тамоми Россия--аз нигоҳи мазмуну сохтори фаъолият-- яке аз созмонҳои беҳтарини диаспоравӣ маҳсуб ёфта, минбаъд низ омодаи он мебошад, ки ба хотири таъмини рушди устувору мутаносиби ҷамъияти россиягӣ, таҳкими ризоияти байнимиллию байнидинӣ дар он, бақодорию пойдорсозии арзишҳои суннатии маънавию ахлоқии россиягӣ, рушду тавсеаи муносиботи дӯстию шарикии стратегии  миёни Тоҷикистону Россия саҳми шоиста хоҳад гирифт.

diasp-1.jpg

diasp-2.jpg

diasp-4.jpg

diasp-6.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg