Мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходими шинохтаи исломии минтақаи Урали Миёна
29 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муовини аввали муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҳоҷӣ-ҳазрат Иброҳим Ёқубов мулоқот намуд.
Дипломати тоҷик ба ҳоҷӣ-ҳазрат Иброҳим Ёқубов барои саҳми шоистааш дар пешбурди ҳамкориҳои судманди Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск бо муассисаи консулӣ дар арсаи густариши тарбияи маънавию ахлоқии аҳли ҷомеа арзи сипос кард.
Дар ҷараёни суҳбати муфассали созанда ба баъзе масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар маҷрои татбиқи усулу арзиши озодии виҷдон ва таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонеъ гаштани ниёзҳои имониву диниашон дар чаҳорчӯбаи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи россиягӣ дахл карда шуд.