Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ифтитоҳи Намоишгоҳи "Санъат дар замони Холокост" иштирок намуд

05.02.2024 22:45

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар ифтитоҳи Намоишгоҳи "Санъат дар замони Холокост" иштирок намуд

5 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи Намоишгоҳ таҳти унвони "Санъат дар замони Холокост", ки дар бинои Маркази китобхонавии "Екатеринбург" баргузор гардид, иштирок кард.

Чорабинӣ бо намоиши хореографӣ, шиносоии меҳмонон бо Намоишгоҳ ва ҷамъбасти “Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни Холокост дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия” оғоз ёфт.

Ба хотираи миллионҳо курбоншуда дуо хонда шуда, шамъ даргиронда, як дақиқаи сукут барпо гардид.

Дар чорабинӣ дигар намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ низ ҳузур доштанд.

Муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова, муовини Вазири фарҳанги вилояти Свердловски Федератсияи Россия Роман Дорохин, муовини сардори Раёсати сиёсат оид ба ҷавонони Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Елена Стукова,  роҳбари Маркази фарҳангии яҳудиёни шаҳри Екатеринбург "Менора" Ирина Гуткина ва дигар иштирокчиёни ин чорабинии мутантани мотамӣ суханрониҳои пурмазмуну самимӣ намуданд.

Раиси Кумитаи аккредитатсияи маҳфилҳои ЮНЕСКО дар Комиссияи Федератсияи Россия оид ба ЮНЕСКО Людмила Савичева матни табрикномаи директори Маркази иттилоотии Созмони Милали Муттаҳидро дар шаҳри Москва Владимир Кузнетсовро барои аҳли ҳозирин қироат намуд.

Дар чаҳорчӯбаи чорабинии мутантани мотамӣ композитсияи назмӣ ва нақл дар бораи тасвирҳои бадеии "Ёдгориҳои Холокост" сурат гирифтанд.

 

kholok-1.jpg

kholok-2.jpg

kholok-3.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg