Мулоқоти муфиди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ходимони соҳибсалоҳияти Намояндагии екатеринбургии Бонки "Тинкофф" оид ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкорӣ
6 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо сардори шуъбаи соҳибкории корпоративии намояндагии Бонки "Тинкофф" дар Екатеринбургшаҳр Татяна Тумашева ва мушовираш Беҳрӯз Исоев мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкорӣ, самтҳо ва шаклҳои он (аз ҷумла дар арсаи иттилоотӣ), бо дарназардошти манофею ниёзҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, аъзои диаспораи маҳаллии тоҷикон ва мусоидат ба кор ба хотири рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманди байниминтақавии миёни субъектҳои уралии Федератсияи Россия ва вилоятҳову шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва дигар бахшҳои манфиатҳои муштарак, ба тавофуқ расиданд.