Ҷаласаи васеи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
26 январи соли 2024 дар шаҳри Москва ҷаласаи васеи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Қурбоналӣ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё ва доираҳои соҳибкорон аз ҳисоби ҳамватанони муқим, донишҷӯён, инчунин консулҳои генералии Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи васеъ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва роҳбари диаспораи тоҷикони муқими вилояти Челябински Федератсияи Россия Исломуддин Раҷабов оид ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ибрози андеша карданд.
Дар қисми хотимавии ҷаласаи васеи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷикон "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова бо Сипосномаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қадру сарфароз гардонда шуд.
Барои эҳтирому гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тақвияти ватандӯстиву хештаншиносӣ, мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, корбарӣ миёни ҳамватанони бурунмарзӣ, саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ходимони намоёну кордони диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал Ёқубҷон Умаров, Мастбегим Ошурбекова, имом-хатиб Сайидалӣ Орифзода Соҳибов, Зуҳал Зуҳурзода Муродов, Иноят Ғайратзода Неъматов, Диловаршо Қиёмиддинзода Тӯтиев ва дигарон бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадру сарфароз гардонда шуданд.