Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал бо роҳбарони иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.02.2024 02:17

Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходимони намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урал бо роҳбарони иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 феврали соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Андрей Ветлужских ва Шарифулло Абдуллозода мулоқот намуд.

Дар мулоқоти судманд ходимони масъули бахши густариши равобити байналмилалии иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Свердловск ва Суғд Алексей Слязин ва Саидумрон Саидов, ҳамраис ва аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбургшаҳр Ёқубҷон Умаров, Зуҳал Муродов, Яздон Шарифов, Рӯзӣ Рӯзиев, Салим Улмасов, ходими фаъоли диаспораи тоҷикони муқими пойтахти уралӣ Иноятулло Неъматов ва зодаи Тоҷикистон--ходими бонкии екатеринбургӣ Дилмурод Содиқов иштироку ибрози назар карданд.

Зимни мулоқот роҷеъ ба имконоти роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона аз Тоҷикистон ба минтақаи Урали Россия суҳбати дӯстонаи муфассал сурат гирифт.

Таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳамкории ҷонибайн ҷиҳати пешбурди коре, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии (музди меҳнат, ҳифзи меҳнат) муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус онҳое, ки ба таври муташаккил ба фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаҳои Россия ҷалб мешаванд, равона гардид.

Иштирокчиёни суҳбат баъзе ҷанбаҳои муҳими нақшаи ҳамкории судмандро дар давоми соли 2024 баррасӣ намуданд.

sughd-11.jpg

sqghd-22.jpg

sqghd-666.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg