Суҳбати мубрам бо ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва журналисти соҳибистеъдоди тоҷик
22 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ва рӯзноманигори соҳибистеъдоди тоҷик Ташрифулло Саъдуллоев мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои марбут ба иҷрои Нақшаи кории Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар семоҳаи аввали соли равон, омодагӣ ба доирсозии шоистаи чорабиниҳои наврӯзӣ бо иштироки аъзои диаспора, донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар тамоми минтақаи Урал, мавзӯоти оид ба дар заминаи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал баргузор намудани мизи мудаввар ё худ Конфронс оид ба таърих, фалсафа ва суннатҳои иди байналмилалии "Наврӯз", минбаъд такмилу тақвият додани кори муштараки Консулгарӣ, Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди он ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов дар арсаи ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ ва шаъну шарафи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, аз ҷумла аз нигоҳи вазъу равандҳои мураккаби фазои иттилоотӣ, мавриди баррасӣ, гуфтугӯ ва ироаи пешниҳодоти асосноку созанда қарор дода шуданд.