Муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия ва муовинаш ифтихорномаҳои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро биспурд

20.01.2024 20:56

Муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ба раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия ва муовинаш ифтихорномаҳои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро биспурд

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, 20 июли соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия ҳоҷӣ-ҳазрат    Абдулқуддус Ашарин ба зуҳур пайваста буд.

Дар ҷараёни ҳамон мулоқоти порсолаи июлӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муфтӣ ҳоҷӣ-ҳазрат Абдулқуддус Ашарин хоҳиш карда буд, ки ифтихорномаҳои муассисаи консулиро ба сарфарозшудагон--ходими барҷастаи динии Россия, муфтӣ, раиси Маҷлиси рӯҳонии мусулмонони Россия Албир-ҳазрат Крганов ва муовинаш Денис-ҳазрат Мустафин--дар фурсати муносиб дар шаҳри Москва биспурад.

23 январи соли 2024 муфтӣ ҳоҷӣ-ҳазрат Абдулқуддус Ашарин, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, ҳини мулоқотҳо бо ходимони намоёни динии болозикри Россия хоҳиши дипломати тоҷикро ба иҷро расонд.

mufti-1.jpg

mufti-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg