Иштирок дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 90-солагии таъсисёбии вилояти Свердловски Федератсияи Россия
17 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар толори бинои Театри давлатии уралии эстрада дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 90-умин солгарди таъсиси вилояти Свердловски Федератсияи Россия--мавзеи такягоҳии давлати муосири россиягӣ--иштирок намуд.
Дар ин чорабинии ҷашнӣ дигар намояндагони корпуси дипломатии маҳаллӣ низ ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи тантанавӣ намояндаи ваколатдори Президенти Федератсияи Россия дар Ҳавзаи федералии Урал Владимир Якушев, Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, раиси Палатаи ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Левин, раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина ва дигар ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ суханронии шодбошию табрикӣ намуданд.
Дар маҷлиси ботантана ба гурӯҳи намояндагони ҷомеаи минтақаи Урали Миёна барои муваффақиятҳои баланд дар арсаи фаъолияти меҳнатӣ, эҷодӣ ва ҷамъиятӣ бо дасти роҳбарони вилоятӣ мукофотҳои гуногун супурда шуданд.
Дар қисми дуюми чорабинии мутантан контсерти ҷолибу зебои устодони санъат баргузор гардид.


