Бо дархости Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанонаш дар яке аз оҷонсиҳои пойтахти уралӣ машварати ройгони ҳуқуқӣ фароҳам мешавад

09.01.2024 11:36

Бо дархости Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамватанонаш дар яке аз оҷонсиҳои пойтахти уралӣ машварати ройгони ҳуқуқӣ фароҳам мешавад

Бегоҳирӯзии 9 январи соли 2024 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбургшаҳр Зафар Сайидзода бо номзад ба узвият дар Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, муассису роҳбари оҷонсии екатеринбургии ҳуқуқии «Неруи қонун» Сангалӣ Салимов ва ҳуқуқшиноси пешбари ин оҷонсӣ Виталий Трапезников баргузор шуд.

Оҷонсии ҳуқуқии екатеринбургӣ "Нерӯи қонун" ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрии баландихтисоси ҳуқуқӣ мерасонад.

Зимни суҳбат масъалаҳои роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои муфид дар соли нави фарорасида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз ҷумла тавофуқ оид ба он ҳосил шуд, ки аз моҳи феврали соли 2024 ҳуқуқшиноси пешбари оҷонсии екатеринбургии "Неруи қонун" Виталий Трапезников--бо дархости  Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ--ба шаҳрвандони ниёзманди тоҷикистонӣ машварати ройгони ҳуқуқӣ медиҳад.

sang-1.jpeg

sang-3.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg