Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург ҳамватанон ва шаҳрвандони ҷамоҳири Ӯзбекистону Қирғизистонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд
29 декабри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 дидан кард.
Дипломати тоҷикистониро намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва ҳамраиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров ҳамроҳӣ намуданд.
Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ, қабл аз ҳама, мулоқоти Консули генералӣ ва ҳамроҳонаш бо муовини сардори Марказ Александра Кузнетсова баргузор шуд.Ин суҳбат муфассал, касбӣ, пурмуҳтаво ва созанда буд.
Ҳамсуҳбатон натиҷаҳои ҳамкориро дар соли 2023 ҷамъбаст намуда, ба ҷанбаҳои асосии нақшаи ҳамдастиву ҳамкорӣ дар соли нави 2024 равшанӣ андохтанд. Аз сатҳи мавҷудаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ шуд.
Тазаккур ёфт, ки дар тӯли соли 2023 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ рафтору кирдори хубу намунавӣ доштанд ва аз ҷониби онҳо ягон зуҳуроти номатлуби кирдорӣ ба мушоҳида нарасида буд.
Тавассути Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатӣ тайи соли 2023 ба ҳайси ихроҷшавандаи иҷборӣ ва депортантҳо тақрибан 1250 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд, ки ин теъдод нисбат ба теъдоди соли 2022 30 дарсад бештар аст.
Раванди ба Ватан баргардонидани бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба шарофати хубтар гаштани ҳамоҳангӣ дар арсаи ҳамдастии Марказ, умури судиҷрочиён, судҳо ва ҳуҷҷатгузорони раёсатҳои вилоятию шаҳрии полис оид ба масъалаҳои муҳоҷират аз нигоҳи муҳлату муташаккилӣ хеле беҳтар гаштааст.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш бо бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ, ки дар миёнашон шаҳрвандони ҷамоҳири Тоҷикистон, Ӯзбекистону Қирғизистон буданд, суҳбатҳои муфиду самимӣ карданд, ба саволҳояшон посухҳо доданд, барояшон дастархони миллиро бо оши палоби тоҷикӣ оростанд ва бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфтанд.
Дар миёни бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ кӯдакон низ (ҳамроҳи волидон) буданд ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш онҳоро бо эҳдои армуғони солинавӣ шоду масрур гардонданд.
Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ фазои гарму шодиёнаи солинавӣ ҳукми равон пайдо кард.
Хароҷоти марбут ба ташкили дастархони миллӣ ва харидани туҳфаҳои солинавиро, ҳамчун эҳсонкор, соҳибкорони екатеринбургии тоҷиктабор Фаёз Саидов ва устоди варзиш оид ба гӯштин Маҳмадулло Қодиров ба зимма гирифта буданд.