Иштироку суханронӣ дар Нишасти онлайнии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкорӣ дар ободонии мавзеи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон
26 декабри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар Мулоқоти онлайнии намояндаи Фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагон--мутахассисони баландпояи корхонаҳои истеҳсолии минтақаи Урали Ҷанубии Россия--ҶДММ "ЗСМ Спецмаш" ва ҶС "Челябинский радиозавод"--оид ба таҳияву татбиқи амалии Пружаи ободонии мавзеи марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон иштирок намуда, дар он суханрониҳо кард.
Мулоқоти онлайнӣ аз ҷониби модератори он--директори тиҷоратии «Спецмаш» Михаил Рухтин ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург доир карда шуд.
Фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Нишасти болозикри онлайнӣ, ки дар шакли видеоконфронстамос сурат гирифт, генерал-майор Одилбек Носирзода намояндагӣ кард.
Намояндагон-мутахассисони корхонаҳои номбурдаи минтақаи Урали Ҷанубӣ имконоти эҳтимолии худро ҷиҳати таҳия ва татбиқи амалии Пружаи ободонии мавзеи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро дар сатҳи баланд ва ба таври аёнӣ муаррифӣ намуданд.
Дар натиҷаи муколамаи онлайнӣ иштирокдоронаш ба хулосае омаданд, ки ҳамкориҳоро, аз ҷумла тавассути таъсиси гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ва ба роҳ мондани ҳамдастии салоҳиятноки онҳо дар ояндаи наздик, идома бидиҳанд.