Суҳбати судманд бо намояндагони фаъоли диаспораи тоҷикон дар вилоятҳои Свердловск ва Тюмени Федератсияи Россия

19.12.2023 13:19

Суҳбати судманд бо намояндагони фаъоли диаспораи тоҷикон дар вилоятҳои Свердловск ва Тюмени Федератсияи Россия

Саҳаргоҳони 19 декабри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Рӯзӣ Рӯзиев ва ходими намоёни диаспораи тоҷикони муқими минтақаи Урали Миёна, соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор Зуҳал Муродов мулоқот намуд.

Мусоҳибон ба дипломати тоҷик дар бораи натиҷаҳои асосии фаъолияти ҷамъиятӣ ва соҳибкории худ дар тӯли соли 2023 нақл карданд.

Ҳини суҳбат баъзе масъалаҳои муҳими марбут ба ҷаласаи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар нимаи аввали моҳи январи соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

hoji-Tyumnen.jpeg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg