Муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург боздид кард
18 декабри соли 2023 муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург боздид намуд.
Василий Козлов Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзодаро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, аз номи аъзои Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия унвониаш таманниёти беҳтаринро баён кард.
Зимни суҳбати дӯстона роҷеъ ба баъзе масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои миёни Консулгарӣ ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар нимсолаи аввали соли 2024 табодули кӯтоҳи афкору андеша сурат гирифт.