Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Маркази Елтсин"--и воқеъ дар Екатеринбургшаҳр ба ҳайси коршинос дар маҳфили «Минбари мардумӣ» суханронӣ кард
Шоми 12 декабри соли 2023, дар рӯзи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Федератсияи Россия, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода ба ҳайси коршинос дар яке аз толорҳои "Маркази Елтсин"-и пойтахти уралӣ, ки дар он ҷо роҷеъ ба масъалаҳои федерализм ва муносибатҳои байнимиллӣ чорабинии илмӣ--маърифатӣ таҳти унвони "Минбари мардумӣ" баргузор гардид, фаъолона иштирок ва суханрониҳо намуд.
Дипломати тоҷик суханрониҳои худро ба он бахшид, ки чӣ гуна метавон муваффақона матни Қуръони Маҷидро дар кори идеологӣ ба хотири ҳифзу таҳкими ризоияти байнимиллию байнидинӣ дар чунин як кишвари калони сермиллату гуногунмазҳаб, ба мисли Федератсияи Россия, ба кор гирифт.
Суханронии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд ва ба таври мусбат пазируфта шуд.
Дар ин чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова ва як зумра олимон, мутафаккирон ва ходимони ҷамъиятии маъруфи Россияи муосир ширкат варзида буданд ва дар ҷараёни табодули афкору мубоҳисаи солим изҳори андеша карданд.