Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва ҳамкораш дар Мусобиқаи байналмилалии дипломатӣ оид ба боулинг "Орзуҳои солинавӣ" ҷойи аввалро гирифтанд
18 декабри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва ҳамкораш Мирзошариф Бобоев дар Мусобиқаи байналмилалии дипломатӣ оид ба боулинг «Орзуҳои солинавӣ» иштирок намуданд.
Чорабинӣ, бо иштироки роҳбарону намояндагони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва фиристодаҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби Маъмурияти шаҳри Екатеринбург, бо пуштибонии Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, бахшида ба 300-солагии Екатеринбургшаҳр дар толори маҳфили боулингии Маркази фароғатии "Антей"-и пойтахти уралӣ барпо карда шуд.
Қабл аз оғози Мусобиқаи байналмилалӣ Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ва Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин суханрониҳои ифтитоҳӣ ва шодбошӣ карданд.
Пас аз анҷоми суханрониҳои самимии шодбошӣ онҳо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо зодрӯзаш сидқан табрик гуфта, ба ӯ табрикномаҳои хаттӣ ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуданд.
Дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба боулинг Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи "Помир", ки аз рӯйи натиҷагирии мусобиқот мақоми аввалро касб кард, иштирок намуда буд.
Аъзои тими "Помир", аз ҷумла Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкораш Мирзошариф Бобоев, барои ишғоли ҷойи аввал бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин чорабинии байналмилалӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов ва муовинаш Александр Иванов низ ширкат доштанд.