Дар Екатеринбургшаҳр бо мусоидати Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати маҳаллии “Тоҷ Бозор” мағозаи интернетии колоҳои миллии тоҷикиро ба роҳ андохтааст
Бо мусоидати фаъолонаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ шаҳрванди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкори муваффақи тоҷиктабори екатеринбургӣ (дар ободонии ҳавлиҳои мегаполис саҳми шоиста мегирад), инсони нексиришту дорои ҷаҳонбинии васеи зеҳнӣ Зуҳал Зуҳурзода Муродов мағозаи интернетиро ба кор андохтааст, ки аз он хоҳишмандон метавонанд маҳсулоти миллии тоҷикӣ–чойҳои гуногуннавъ, шириниҳо, меваҳои хушк, асбобу анҷоми ошхонаӣ, туҳфаҳо, либосвории зебою қашанги ховарӣ ва ғайраро харидорӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, супориши наҷибонаи Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, ки онро ҳанӯз 13 августи соли 2022 ҳангоми боздидаш аз саҳни Гӯшаи фарҳангии миллии тоҷикон дар доираи Намоишгоҳи машҳури Ирбит дода буд, ба иҷро расид.