Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

04.12.2023 22:05

Мулоқоти судманди Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия

4 декабри соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин баргузор гардид.

Суҳбат дар дафтари кории  Вазир дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Мусоҳибон ба натиҷаҳои сафари ҳайати васеи вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Губернатор Евгений Куйвашев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 27 ноябр то 1 декабри соли 2023 ба зуҳур пайваста буд, баҳои мусбати баланд доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои марбут ба ҷою нақши Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар арсаи татбиқи амалии созишномаҳо ва дигар тавофуқот оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байниминтақавии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар соли нави 2024 бахшида шуда буд.

Дар мулоқот сардори департаменти Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Лариса Шарф иштирок дошт.

yarin.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg