Суҳбати муфид бо ходими фаъолу роҳбарикунандаи ҷамъиятии вилояти Челябински Федератсияи Россия

27.11.2023 21:59

Суҳбати муфид бо ходими фаъолу роҳбарикунандаи ҷамъиятии вилояти Челябински Федератсияи Россия

27 ноябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо раиси Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Челябинск "Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон "Истиқлол""" Фазлиддин Ғаффоров мулоқот намуд.

Ходими фаъоли ҷамъиятии минтақаи Урали Ҷанубӣ ба дипломати тоҷик дар бораи корҳои оммавии фарҳангӣ ва варзишии созмон дар миёни донишҷӯёни тоҷикистонӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ  аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл кард.

Фазлиддин Ғаффоров лоиҳаи Нақшаи фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии "Истиқлол"-ро барои соли 2024 муаррифӣ кард.  Консули генералӣ онро ба таври умум маъқул дониста, ба хотири такмилаш баъзе тавсияҳои асоснок дод.

Дар суҳбати судманд Михаил Рухтин--мушовири Фазлиддин Ғаффоров--ширкат дошт.

javon-1.jpeg

javon-3.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg