Мулоқоти судовари Консули генералӣ бо олимаю омӯзгори тоҷиктабори екатеринбургӣ

15.11.2023 18:27

Мулоқоти судовари Консули генералӣ бо олимаю омӯзгори тоҷиктабори екатеринбургӣ

15 ноябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо олимаю омӯзгори тоҷиктабори екатеринбургӣ, номзади илмҳои фалсафа Дилбар Ҷӯраева мулоқот намуд. 

Ҳини суҳбат маълум гашт, ки Дилбар Ҷӯраева азми онро дорад, ки мардуми таҳҷоии россиягию русро бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии Интернет ва минбари маърифатию таблиғотии ҷамъияти россиягии "Дониш" ҳар чӣ бештар, густурдатар ва амиқтар бо таъриху фарҳанги қадимаи бойи тоҷик ошно бисозад. 

Мусоҳибон нияту нақшаи олимаю омӯзгори тоҷиктабори екатеринбургиро оид ба ифтитоҳу роҳандозии фаъолияти ютуб--канал ба хотири тарғиби таърих, илм, фалсафа ва фарҳанги тоҷик ба забони русӣ мавриди баррасии гуфтугӯ қарор доданд.

Дипломати тоҷик изҳори омодагӣ ба он кард, ки дар ин иқдоми муҳиму хайр ба Дилбар Ҷӯраева мададу мусоидат намояд.

Juraeva.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg