Мулоқоти муфид бо роҳбари бахши уралии Ҷамъияти умумироссиягии "Дониш"
14 сентябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо роҳбари раёсати Ҷамъияти умумироссиягии "Дониш" оид ба рушди Ҳавзаи федералии Урал Иван Попп мулоқот намуд.
Дар ҷараёни суҳбати муфид оид ба роҳандозию рушди ҳамкорӣ дар арсаи боло бурдани сатҳи фарҳангиву маърифатии аъзои диаспораи тоҷикистонӣ ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар минтақаи Урал аҳду паймон ҳосил гашт.