Иштирок дар Рӯнамоии дастовардҳои хоҷагии таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии аграрии Урал
12 сентябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бар тибқи даъватномаи Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия--дар Рӯнамоии зарфиятҳои таълимӣ, илмӣ ва технологии хоҷагии таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии аграрии Урал воқеъ дар наздикии шаҳраки "Студенческий"--и ноҳияи Белоярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия иштирок намуд.
Чорабинии рӯнамоӣ, ки барои роҳбарони муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷии дар шаҳри Екатеринбург аккредитатсияшуда ташкил гардида буд, бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин ва муовинаш Людмила Берг, сардори шуъбаи байналмилалии департаменти робитаҳои байналмилалии Вазорати робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Дмитрий Васков, роҳбарони ҳавзаи шаҳрӣ ва ноҳияи Белоярски вилояти Свердловски Федератсияи Россия, консулҳои генералии Чин, Қазоқистон, Ветнам, Қирғизистон, Тоҷикистон, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт.
Дар ҷараёни Рӯнамоӣ, ки аз ҷониби ноиби ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урал, олими барҷастаи россиягӣ Михаил Карпухин дар сатҳи баланд, пурмазмун ва ба таври ҷолиб баргузор карда шуд, дастовардҳои Донишгоҳ дар соҳаи илму маорифи кишоварзӣ, таҷрибаи пешқадами он дар бахши баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, натиҷаҳои тадқиқоти илмии мактаби олии болозикр, аз ҷумла дар соҳаи селектсия ва истеҳсоли нуриҳои минералӣ, муаррифӣ гардиданд.
Ҳангоми ошноӣ бо хоҷагии таълимию таҷрибавии наздики шаҳраки «Студенческий»-и ноҳияи Белоярск сайру гашт дар ҳудуди ин хоҷагӣ, чашидани ҳосили меваю сабзавоти мавсимӣ, ҷамъоварии ҳосили мевагӣ ва маросими шинондани ниҳолҳои ҷавони дарахти нок дар "Роҳрави дӯстӣ" сурат гирифта, бо иштироки донишҷӯён барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Дар яке аз майдонҳои кишоварзии хоҷагии таълимию таҷрибавӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо донишҷӯёни соли аввали факултаи боғпарварии Донишгоҳи давлатии аграрии Урал–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Гулов ва Ҳадятулло Бедимоғов суҳбати самимӣ кард.
Дипломати тоҷик бо хабарнигори маҳаллии Шабакаи федералии телевизионии "Россия-1" мусоҳиба намуд.