32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар сатҳи баланд таҷлил гардид

11.09.2023 11:36

32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Шоми 11 сентябри соли 2023 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов, Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бахшида ба 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантани сиёсию фарҳангиро доир намуданд.

Дар чорабинии идонаи тантанавӣ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг, раиси Комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Вегнер, президенти Палатаи савдою саноати Урал Андрей Беседин ва муовинаш Михаил Козлов, муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин ва муовинонаш Иброҳим Ёқубов ва Маҳмадюсуф Сандалов, муовини роҳбари дастгоҳи Маъмурияти ноҳияи Роҳи нави шаҳри Екатеринбург Лилия Белоблотская, консулҳои дар пойтахти уралӣ сабтиномшудаи генералии Чин Тсуй  Шаочун, Ветнам--Дин Ван Донг (бо ҳамсараш), Қазоқистон–Жарас Мамутбеков, Қирғизистон–Руслан Бийбосунов,  Ӯзбекистон–Абдусалом Ҳотамов, роҳбари шуъбачаи Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург Сергей Чичук, Консули Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Екатеринбург Илнур Наврӯз, роҳбари намояндагии хориҷии «Казахэкспорт» дар Ҳавзаи федералии Урал Александр Тсыганков, директори Маркази тадқиқоти аврупоиву осиёӣ Андрей Русаков, дигар ашхоси давлатӣ, дипломатӣ, ҷамъиятӣ ва соҳибкор, роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии диаспораи тоҷикистониён дар Ҳавзаи федералии Урали Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ  намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Россия дар шаҳри Екатеринбург Александр Харлов, муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов, раиси Комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Вегнер, муовини роҳбари дастгоҳи Маъмурияти ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Екатеринбург Лилия Белоблотская, Консули генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Екатеринбург Абдусалом Ҳотамов, роҳбари ҷамъияти гурҷиёни муқими вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Сакартвелло» Нукрӣ Чавлеишвили, роҳбари ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия «Мухторияти миллӣ-фарҳангии талишҳо» Элшан Гасанов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Россия Беҳрӯз Холиқов, роҳбари диаспораи тоҷикистониён дар минтақаи Урали Ҷанубии Россия Исломуддин Раҷабов суханронии шодбошию табрикӣ карданд.

Дар чорабинӣ гурӯҳи калони роҳбарону фаъолони диаспораи тоҷикистониён дар минтақаи Урал бо ифтихорнома ва сипосномаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург қадру сарфароз гардонда шуданд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барои иштирокчиёнаш гурӯҳи рақсии Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"", сарояндагони шинохтаю соҳибистеъдоди тоҷик Маҳмадалӣ Умаров, Хайриддин Каримов ва Бахтиёр Эшонов ҳунарнамоӣ карданд.

jashn-1.jpg

jashn-3.jpg

jashn-2.jpg

jashn-4.jpg

jashn-5.jpg

jashn-11.jpg

jashn-12.jpg

jashn-888.jpg

jashn-33.jpg

jashn-35.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg