Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари Диаспораи тоҷикистониён дар пойтахти уралӣ дар Форуми байналмилалии занон маърӯза карданд 

08.09.2023 16:21

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари Диаспораи тоҷикистониён дар пойтахти уралӣ дар Форуми байналмилалии занон маърӯза карданд 

Дар нимаи дуюми рӯзи 8 сентябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--бар тибқи даъватномаи муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов--дар яке аз панҷ иҷлосҳои панелии Ҳамоиши байналмилалии занон таҳти унвони "Нақши занон дар олами муосир" иштирок намуд.

Дар доираи иҷлоси панелии Ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои мубрами марбут ба нақши занон дар ташаккулу бақодории арзишҳои суннатии оилавӣ мавридию баррасиву муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ин иҷлоси панелӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова суханронии шодбошӣ ва маърӯзаи муаррифисоз карданд.Баромади онҳо ба таври мусбат истиқбол гирифта шуда, боиси мароқи вижаи иштирокдорони иҷлоси панелии Ҳамоиши байналмилалии занон гаштанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои иҷлоси панелии Ҳамоиши байналмилалӣ қарордод қабул шуд.

forumi-zan-1.jpg

forum-zan-2.jpg

forum-zan-3.jpg

forum-zan-4.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg