Мулоқоти муфид бо муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург 

08.09.2023 16:16

Мулоқоти муфид бо муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург 

Дар нимаи дуюми рӯзи 8 сентябри соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар толори музокироти Конгресс--холи Маркази байналмилалии намоишгоҳӣ "Екатеринбург--ЭКСПО"--дар ҳошияи Форуми байналмилалии занон таҳти унвони  "Нақши занон дар олами муосир"--бо муовини Сарвари шаҳри Екатеринбург--роҳбари дастгоҳи Маъмурияти шаҳри Екатеринбург Марина Фадеева  мулоқоти судманд дошт. 

Дар ҷараёни суҳбате, ки дар фазои самимии дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, дар рӯҳияи созандагӣ баъзе ҷанбаҳои ҳамкориҳо, аз ҷумла  дар чаҳорчӯбаи фаъолияти Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷии назди Сарвари шаҳри Екатеринбург, мавриди гуфтугӯю баррасӣ қарор гирифтанд.

Марина Фадеева ба дипломати тоҷикистонӣ табрикномаи Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орловро ба муносибати фарорасии Рӯзи идонаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида, ба роҳбари муассисаи консулӣ барои--тавассути саъю талоши фаъолонаи диаспораи маҳаллии тоҷик--фароҳам овардани имкони хуби ошноӣ бо фарҳанги бою қадимаи  тоҷик ва гирифтани саҳми шоиста дар густариши робитаҳои неки башарӣ дар пойтахти уралӣ арзи сипос намуд.Ӯ тазаккур дод, ки барои Маъмурияти шаҳри Екатеринбург самимияту гармии муносибот бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барин шарики боэътимод хеле арзишманд мебошад.

Дипломати тоҷикистонӣ, дар навбати худ, ба Марина Фадеева барои пуштибонии мунтазами иқдомоти муфиди иҷтимоии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди пойтахти уралӣ аз ҷониби Маъмурияти шаҳри Екатеринбург изҳори миннатдорӣ намуд.

muovin-45.jpg

muovin-67.jpg

muovin-333.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg