Мулоқоти судманди дипломати тоҷик бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия
29 августи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин мулоқот намуд.
Зимни гуфтугӯ, ки дар фазои самимии дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, натиҷаҳои асосии ҳамкорӣ аз рӯйи доираи васеи масъалаҳо аз ибтидои соли 2023 ҷамъбаст гардида, ҷанбаҳои асосии рушду ғанисозии минбаъдаи ҳамдастии муассисаи консулӣ ва Вазорат дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар суҳбати судовар муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Берг иштирок дошт.