Иштирок дар шаҳри Екатеринбург дар чорабинии калони идона  таҳти унвони "Рӯзи мардумони Урали Миёна"

27.08.2023 12:03

Иштирок дар шаҳри Екатеринбург дар чорабинии калони идона  таҳти унвони "Рӯзи мардумони Урали Миёна"

27 августи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода--ҳамроҳ бо аъзои оилааш--дар чорабинии  калони идона таҳти унвони "Рӯзи мардумони Урали Миёна" ширкат варзид, ки дар боғи шаҳрии "Таганская слобода" таҳти васояти Ассотсиатсияи "Хонаи мардумони Урал" ва роҳбари он, зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Мирзоев баргузор гардид.

Дар чорабинии идона аз корпуси маҳаллии дипломатӣ консулҳои генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Шуҳрат Мустафоев, Руслан Бийбосунов ва Дин Ван Донг ҳузур доштанд.

Дар ҷашни идона меҳмонони сершуморро 26 гӯшаи миллӣ--фарҳангӣ, аз ҷумла гӯшаи миллии тоҷик, пазироӣ карданд.

Аз гӯшаи миллии фарҳангии тоҷик шумораи зиёди иштирокчиёни ҷашн дидан карданд.Дар миёни онҳо муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Чемезов, раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Бабушкина, Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Олег Александрин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова, ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, раиси Палатаи ҷамъиятии шаҳри Екатеринбург, профессор Яков Силин, раиси “Хонаи мардумони Урал” Фаррух Мирзоев, муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин ва ҷойнишини ӯ Маҳмадюсуф Сандалов, дигар намояндагони элитаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, иттиҳодияҳои миллӣ-фарҳангӣ, воситаҳои ахбори умуми минтақаи Урали Миёна низ буданд.Онон дар маросими ифтитоҳи "Рӯзи мардумони Урали Миёна" низ иштирок карда, суханрониҳои табрикию шодбошӣ намуданд.

den-narod-1.jpg

den-narod-2.jpg

den-narod-3.jpg

narod-5.jpg

narod-6.jpg

narod-7.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg