Иштироку суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Фестивали екатеринбургии байналмилалии китоб "Сатри сурх"
25 августи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар маросими ифтитоҳи Фестивали екатеринбургии байналмилалии китоб "Сатри сурх" иштироку суханронӣ намуд.
Фестивали байналмилалии китоб "Сатри сурх" ба як чорабинии беназиру нодири фарҳангӣ табдил ёфт, ки ба рушду густариши робитаҳои байналмилалии башардӯстона, пуштибонию таблиғи эҷоду фаъолияти муаллифону ноширони саросари ҷаҳон, таҳкиму густариши арзишҳои суннатии оилавӣ ва маънавию ахлоқӣ, оммавӣ гардонидани сатҳи баланди фарҳанги китобхонӣ нигаронида шудааст.
Ин чорабинии муфиди байналмилалӣ ба муносибати таҷлили 300-солагии таъсиси шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Дар Ҷашнвора 150 нашриёт ва 50 коршинос аз 15 кишвари ҷаҳон ва беш аз 30 ҳазор меҳмонон ширкат доранд.
Дар майдони асосии Фестивал 150 хаймаи намоишгоҳӣ, 6 павилёни лектсионӣ ва саҳнаи асосӣ амал менамоянд, инчунин дар 30 мавзеи алоҳидаи маркази Екатеринбургшаҳр гӯшаҳои махсусгардондашудаи мавзӯӣ оид ба самтҳои алоҳидаи адабиёт фаъол шудаанд.
Дар маҷмӯъ дар доираи Фестивал беш аз 170 чорабинӣ баргузор аст.