Бошандагони тоҷикистонӣ ва дигари Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбургро бо 300-солагии пойтахти уралӣ табрику таҳният гуфтанд
19 августи соли 2023 муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Екатеринбург воқеъ дар кӯчаи Горнистов 15/4 дидан кард ва бо ҳамватанон суҳбат карда, онҳо ва дигар бошандагонро бо ҷашни 300-солагии шаҳри Екатеринбург табрику таҳният гуфт.
Ба ин муносибат дастархони ғании зиёфатии идона барои бошандагони Маркази нигаҳдории муваққатӣ (132 нафар), ки шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, ороста шуд.
Теъдоди умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ ба 87 нафар расида, аз он ҷумла 5 нафарашон зан ва 2 нафарашон кӯдак мебошанд.