Мулоқоти хубу пурмаҳсули роҳбарони диаспораи тоҷикони муқими вилояти Свердловски Федератсияи Россия бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал
16 августи соли 2023 дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова ва муовини аввали раиси Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Яков Силин ва муовинаш Роман Краснов баргузор гардид.
Ин вохӯрӣ дар бинои асосии Донишгоҳи болозикр бо ибтикори ректор, профессор Яков Силин бар асоси паймоне, ки бо аъзои гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 августи соли 2023 ҳосил гашта буд, ба вуқӯъ пайваст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал бо диаспораи тоҷикони муқими вилояти Сверловск ва тамоми минтақаи Урал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла тасмим гирифта шуд, ки роҳбарону фаъолони диаспораи маҳаллии тоҷик бо донишҷӯёни тоҷиктабори ин Донишгоҳ силсилаи вохӯриҳо доир месозанд ва дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал дар соли оянда ҷашни калони "Наврӯз" баргузор карда мешавад.
Мусоидат ба он карда мешавад, ки теъдоди толибилмони тоҷиктабор дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ба таври назаррас афзоиш биёбад.
Баъди зуҳри 16 августи соли 2023 тавассути Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург пешниҳодномаи ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, профессор Яков Силин оид ба ҳамкориҳои судовар бо соҳаи макотиби олии Тоҷикистон унвонии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Нарзулло Валиев, ки аз 7 то 11 августи соли 2023 дар шаҳри Екатеринбург роҳбари гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ирсол гардид.