Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ аз қисми низомӣ дидан кард
13 августи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз бригадаи 29-уми ҷудогонаи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ В.К.Пикалов дар пойтахти уралӣ дидан кард.
Дипломати тоҷикистониро барои ширкат дар маросими савганди низомӣ ҳамватанаш--муовини фармондеҳи бригадаи низомии номбурда оид ба корҳои тарбиявию сиёсӣ, полковник Тағоймурод Қараев--даъват карда буд.
Дар миёни афроди ҷавони низомие, ки савганд ёд карданд, шаҳрвандони россиягии тоҷиктабор низ буданд.
Пас аз анҷоми маросими савганди ҳарбӣ гирдиҳамоӣ баргузор шуд, ки аз минбари он Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода низ суханронӣ кард.
Суханронии шодбошии дипломати тоҷикистониро фармондеҳии бригадаи низомӣ, меҳмонони чорабинӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, хешу табор ва наздикони онҳо бо мароқи калон истиқбол гирифтанд.
Дар маросими савгандёдкунӣ ва гирдиҳамоӣ ба ифтихори ин иқдоми мутантану муқаддас ҳамчунин муфтии Идораи рӯҳонии(Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин, коҳини православӣ Андрей ва дигар шахсони даъватшуда, ки дар пойтахти уралӣ соҳибобрӯю маъруфанд, иштирок доштанд.