Гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қароргоҳи Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия дидан кард

10.08.2023 14:57

Гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қароргоҳи Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия дидан кард

Нисфирӯзии 10 августи соли 2023 гурӯҳи ҳукуматии кории  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев аз қароргоҳи Идораи рӯҳонии (Муфтиёти марказии) мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия боздид намуд.

Дар фазои ғайрирасмии дӯстона Нарзулло Валиев ва муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловск Абдулқуддус Ашарин перомуни доираи васеи масъалаҳои ҷаҳонбинӣ, ахлоқӣ ва тамаддунӣ мубодилаи судовари афкору андеша карданд.

 Аъзои гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муфтӣ Абдулқуддус Ашарин, муовинони ӯ ва дигар шариконаш барои корҳои умдаи мунтазаме, ки дар самти тарбияи маънавию ахлоқии зодагону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи гурӯҳҳо, ҷунбишҳо ва аҳзоби ифродгарову террористии ба ном динӣ анҷом медиҳанд, изҳори сипос намуданд.

Муфтии Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия Абдулқуддус Ашарин сатҳу муҳтавои ҳамкориҳои созандаи Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Екатеринбург бо созмонҳои динии мусулмонони минтақа ба таври мусбат арзёбӣ намуда, саҳми шоистаи онро дар арсаи пешбурди фаъолияти муштарак ҷиҳати беҳдошти муносибатҳои байнидинию байнимиллӣ ва мусоидат ба густариши арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқӣ дар ҷомеаи муосири россиягӣ тазаккур дод.

Дар вохӯрӣ дар қароргоҳи Муфтиёти марказии мусулмонони вилояти Свердловски Федератсияи Россия  Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва аъзои Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии  назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург низ иштирок намуданд.

muftii-2222.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg