Мулоқоти роҳбарони гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия
Субҳи 7 августи соли 2023 узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев ва муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Заробов, роҳбарони гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои вазъи муҳоҷират ва таҳсилу тарбияи ҷавонони тоҷикистонии донишҷӯ бо сафари хизматӣ омаданд, бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин дар яке аз толорҳои музокироти фурудгоҳи байналмилалии "Колтсово"-и шаҳри Екатеринбург мулоқот карданд.
Зимни суҳбат Нарзулло Валиев ба Вячеслав Ярин дар бораи ҳадафу вазифаҳои сафари гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёна нақл кард.
Ҷонибҳо оид ба баъзе масъалаҳои мушкилдори соҳаҳои муҳоҷират ва таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, роҳҳои ҳалли мусбати онҳо табодули афкор намуданд.
Омодагии ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар ин ва дигар арсаҳои манфиатҳои муштарак дар маҷрои рушду таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Россия иброз гардид.
Дар суҳбат Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов иштирок доштанд.