Гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаи машҳури «Уралхиммаш»-и пойтахти уралӣ дидан карданд.
Дар нимаи дуюми рӯзи 7 августи соли 2023 аъзои гурӯҳи ҳукуматии корӣ таҳти роҳбарии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов аз корхонаи бузурги уралӣ "Уралхиммаш" дидан карда, дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург иштирок намуданд.
Ин ҷаласа дар арафаи таҷлили 300-солагии шаҳри Екатеринбург чун идомаи ҷаласаи июлии Шӯрои номбурда, ки дар доираи Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «Иннопром» доир гардида буд, дар қаламрави пешсафи босуръат тараққиёбандаи саноати мошинсозии химиявии Россия ба вуқӯъ пайваст.
Қабл аз оғози ҷаласаи Шӯрои болозикр--бо иштироки Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов--меҳмонон бо ҷараёни истеҳсолоту таҷҳизоти нодири корхонаи азим ва «боақл»--"Уралхиммаш"--бевосита бо мароқи калон шинос шуданд.
Сипас дар бинои Маъмурияти "Уралхиммаш" ҷаласаи Шӯрои намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар назди Сарвари шаҳри Екатеринбург баргузор гардид.
Дар ҷаласа Сарвари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов ва директори генералии ҶДММ "УЗХМ "Уралхиммаш" Тамара Кобаладзе суханрониҳои шодбошӣ карданд.
Дар қисмати минбаъдаи ҷаласаи Шӯро иштирокдорони он, аз ҷумла аъзои ҳайати ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шакли озод бо ҳозирин суҳбатҳои муфиду босалоҳият карда, ба саволҳои худ посухҳо гирифтанд.