Мулоқоти гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти уралӣ бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия
Дар нимаи дуюми рӯзи 8 августи соли 2023, дар доираи сафари хизматии гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёнаи Россия таҳти роҳбарии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев, аъзои он бо Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иқтисодии вилояти Свердловски Федератсияи Россия Вячеслав Ярин ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова мулоқот карданд.
Дар ҷараёни муколамаи дӯстонаи пурмуҳтаво, ки дар фазои созанда сурат гирифт, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи муҳоҷират ба таври муфассал баррасӣ карда, оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, корҳои муштараки гуногунҷанбаи ҷараёндошта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва мутобиқшавии онҳо ба воқеияти ҷомеаи муосири россиягӣ табодули афкору арзёбиҳо ва пешниҳодот намуданд.
Дар ин замина ҷониби тоҷикистонӣ оид ба зарурати зоҳир намудани таваҷҷуҳи бештар ба ҳамоҳангсозии иқдомоти тарафҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз раванди хатарноки шомилшавӣ ба гурӯҳҳо, ҷунбишҳо ва аҳзоби мухталифи дорои хусусияти ифродгароиву террористӣ, ки дар ниқоби динӣ амал мекунанд, изҳори назар кард.
Дар вохӯрӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ва намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов иштирок доштанд.