Мулоқоти судманди гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов
Дар нимаи дуюми рӯзи 8 августи соли 2023 дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти муовини Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Василий Козлов бо аъзои гурӯҳи ҳукуматии кории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Валиев баргузор гардид.
Ҷонибҳо доираи васеи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла имконоти ҳамкориро дар бахшҳои муҳоҷират ва ҷилавгирӣ аз шаклҳои динию дигари ифротгароӣ, муқовимати муштарак дар муҳити ҷавонон ба зуҳуроти идеологияҳои харобкор, ба таври созанда баррасию мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаҳои таълиму тарбияи ҷавонони тоҷикистонӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии Урали Миёна, табодули молию ю фарҳангӣ ва бахши сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.
Нарзулло Валиев зимни суханронии худ дар сари мизи музокирот тазаккур дод, ки аъзои диаспораи тоҷикони маҳаллӣ дар бораи шароити кору зиндагӣ дар вилояти Свердловск ва муносиботи мардуми бумии маҳаллӣ ба зодагону шаҳрвандони Тоҷикистон андешаҳои мусбат мусбат доранд.
Зимни гуфтушунидҳо оид ба роҳандозию густариши ҳамкориҳои минбаъда дар арсаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву гуманитарӣ тавофуқҳои мушаххаси шифоҳӣ ҳосил шуданд.